Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз

Андар қаламрави шеър бисёр шоир ояд,
Аммо дигар нарўяд Мумтоз чун ту булбул

Қодиров Абдулло Ашўрович (Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз)

1 январи соли 1936 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Солҳои 1946-1950 дар мактаби миёнаи №11 ва №12-и ноҳияи Октябри (ҳоло И.Сомонӣ) шаҳри Душанбе (то синфи 4) Хонда, 1950-1956 дар мактаби миёнаи №7-и шаҳри Душанбе таҳсил ва онро хатм кард.

photo

Солҳои 1956-1961 донишҷўи факултаи таъриху филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буд.

Фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодиаш, пас аз хатми университет, аз соли 1961 оғоз гардидааст. Вай солҳои 1961-1962 мудири шўъбаи адабии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1962-1963 стажёри Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963-1965 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР ба ҳайси афсар ва таҳсил дар курси 6-моҳаи Институти забонҳои хориҷии шаҳри Маскав. Хизмати ҳарбиро аввал дар шаҳри Тошканд ва баъд дар шаҳри Ашқобод ба ҷо оварда буд. Минбаъд, вай солҳои 1965-1967 муҳаррири шўъбаи адабии Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1967-1969 мудири шўъбаи адабии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1969-1973 сармуҳаррири Хонаи эҷодиёти халқи РСС Тоҷикистон, 1973-1979 муҳаррири шўъбаи мусиқии телевизиони Тоҷикистон, 1979-1980 сармуҳаррири хонаи эҷодиёти халқи РСС Тоҷикистон, 1980-1996 сармуҳаррири Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогии РСС Тоҷикистон кору эҷод дошт.

Соли 1996 ба истироҳати хизматӣ баромад.

Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз аз соли 1984 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996), медали «Ветерани меҳнат» (1989) ва унвони фахрии Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон (аз 1 ноябри 1994) шарафёб гардидааст.

Ба қаламаш
  • «Риштаи тасвир» (Душанбе, «Ирфон», 1979)
  • «Хандаи субҳ» (Душанбе, «Маориф», 1982)
  • «Боргоҳи ишқ» (Душанбе, «Ирфон», 1983)
  • «Чамани хаёл» (Душанбе, «Маориф», 1985)
  • «Оби нуқра» (Душанбе, «Ирфон», 1986)
  • «Айёми гул» (Душанбе, «Адиб», 1989)
  • «Гулшани роз» (Душанбе, «Ирфон» 1992, бо ҳуруфоти форсӣ)
  • «Баҳои ҷон», (Душанбе, «Адиб», 1993)
  • «Сабзаи мижгон (Душанбе, «Адиб», 2000)
  • «Сукути гиряҳо» (Душанбе, «Боргоҳи сухан», 2004)
  • «Меҳроби сухан» (Душанбе, «Адиб», 2004)
  • «Лаҳни булбул» (Душанбе, «Кайҳон», 2008, куллиёт)
photo

Маҷмўаи очеркҳояшро бо номи «Саодати омўзгор»-ро бо ҳамдастии Н.Зўробеков (Душанбе, «Маориф», 1987) ба табъ расонидааст.

Соли 1978 дар Эрон бо кўшиши Муҳаммад Ғуломалии Шаъбонӣ бо унвони «Сад тарона» (гулчин аз беҳтарин таронаҳои форсӣ) китобе нашр шуд, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таронаи Абдуллоҳи Қодирӣ – «Аз он лабон бўса бидеҳ» дохил гардидааст.

Устод Абдуллоҳ Қодириро чун шоири лирик ва сурднавис на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон, Афғонистон, Покистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Лос-Анжелоси Амрико ва дигар кишварҳои хориҷӣ нағз мешиносанд.

Адабиётшиноси маъруф, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҳанўз солҳои аввали эҷодиаш ашъораш Абдуллоҳи Қодириро мавриди таҳқиқ қарор дода, чунин менависад:

…Дар айни замон инкишофи сабку услуби эҷодии Абдуллоҳи Қодирӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ў дар офариниши суруд ва таронаҳо, қобилияти калон дорад ва дар байни шоирони ҷавон ўро яке аз маълумтарин офарандагони суруду таронаҳои тоҷикӣ ҳисобидан мумкин аст…

С.Табаров «Ҳаёт, адабиёт, реализм», (Душанбе, «Ирфон», 1983)

Бахусус, суруди нахустинаш «Аз он лабон бўса бидеҳ», ки онро соли 1957 ҳангоми дар курси дуввуми университет хонданаш эҷод карда буд, ўро дар муддати кўтоҳ машҳур кард

Эй нигори нозанин,
Як дам паҳлўям нишин,
Аз он лабон бўса бидеҳ,
Дили маро ғусса мадеҳ.

Эй ёри ман,
Дилдори ман.

photo

Ин сурудро бори нахуст Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Рена Ғолибова соли 1957 дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ иҷро намуд. Оҳангашро бастакор Амнун Бободўстов эҷод кардааст. Суруди «Аз он лабон…»-ро дар тўли ин солҳо овозхонҳои машҳури Шарқ Хафизуллох Хаёл, Ахмад Зохир, Сорбон, Афсона дар Афғонистон, Артисткаи халқии СССР Тамарахонум ва Гулшод Отаҷонова дар Ўзбекистон, Артисти халқии Туркманистон Анна Қулиева, Саттор дар Лос-Анҷелоси Амрико, Аҳмадхон дар Покистон ва дигарон месароянд.

Умуман, сурудхову таронахои Абдуллохи Кодирии Мумтозро овозхонҳои машҳур Гугуш, Аҳмад Зоҳир, Пўлод Булбул-оғлӣ, Бобомурод Ҳамдамов, Муҳаббат Шамаева ва Илёс Маллаев, Лайло Шарифова, Рафоэл Толмасов, Хуршед Алидодов, Зафар Нозимов, Нуқра Раҳматова, Муслима Боқиева, Майсара Дилдорова, Улфатмох Мамадамбарова, Нигина Рауфова, Сафарбегим Тошхўҷаева, Маҳбуба Боҳирова, Мастона Эргашова, Махфират Ҳамроқулова, Бобоҷон Азизов, Даврон Алиматов, Дона Баҳромов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Кароматулло Қурбонов, Муборакшо Мирзошоев, Тоҷиддин Муҳиддинов, Назархудо Амонбеков, Гулрафтор Шаҳобова, Владимир Алавердев, Ҳалим Ёров, Ҷўрабек Назриев, Адолат Комилова, Озодамоҳ Мўҳтарамова, Хурмо Ширинова, Ҷамшед Исмоилов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳаррама Шарифова, Раъно Абдуллоева, Моҳрухсор Сафиева ва дигарон бо мароқи том иҷро кардаанд.

Алҳол бошад овозхони машҳури Ўзбекистон Юлдуз Усмонова суруди сеовозаи (триои) «Нозанин ёри ман»-ро ба забони ўзбекӣ месарояд:

Нозанин ёри ман,
Нури чашмони ман.
Набиёи чаро,
Баҳри пурсони ман.

photo

Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз бо бастакорони шинохтаи тоҷик Аъзам Солиев, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев, Дамир Дўстмуҳаммадов, Қудратулло Яҳёев, Абдуфаттоҳ Одинаев, Муборакшоҳ Ҷумъаев, Мавлодод Бахтиёров, Гулбек Саодатов, Қудратулло Ҳикматов, Ҷўрахон Обидов, Зайниддин Зулфиқоров, Миралӣ Сафармаҳмадов ва дигарон ҳамкории эҷодӣ дошт.

Устод Қодирӣ солҳои охир бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов ҳамкорӣ дошт. Қурбоналӣ Раҳмонов ба 7 ғазали устод оҳангҳои ҷаззоб эҷод намуда, бо маҳорати баланд месарояд.

Абдуллоҳи Қодирии Мумтоз 23 майи соли 2009 баъди бемории вазнин ва тўлонӣ дар синни 73-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард. Оромгоҳаш дар манзили абадии Сурхоб воқеъ аст.

Шарҳи ҳоли устод Абдуллоҳи Қодирии Мумтоз 30 октябри соли 2007 дар ҳузураш навишта шуд.

script type=